- пӯст
- [پوست]1. он чи рӯи бадани одам ва ҳайвонотро пӯшондааст; ҷилди бадани одам ва ҳайвонот: пӯсти гӯсфанд, пӯсти паланг, пӯсти рӯбоҳ2. пардаи берунии баъзе аз сабзавот ва меваҳо аз қабили сабзӣ, пиёз, себ, картошка ва ғ. ; пӯсташ (рафта) ба устухонаш часпидааст хеле хароб ва лоғар аст; пӯсташро аз чармгарӣ меёбӣ (мебинӣ) аз несту нобуд шуданаш дарак ҳам намеёбӣ; тамоман несту нобуд мешавад; пӯст давид бар чизе пӯст пӯшондан, пӯст гирифтан рӯи чизео; ташвиш шудани касе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.